Дар кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Раёсати кумиҷроия доир гардид. Нахуст раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд. Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси кумиҷроия оиди фаъолияти семоҳаи аввал гузориш дода, таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба хотири боз ҳам ҷалб намудани таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ба ҳизб силсилаи чорабиниҳо доир гардид. Чунончи дар қисми низомии 35-01 вохӯрӣ бо афсарону сарбозон доир гардида, ба онҳо тӯхфаҳои хотиравӣ аз ҷониби кумиҷроия тақдим гардид. Бахшида ба ҷашни Рӯзи модар дар қаҳвахонаи «Шоира-люкс» маҳфили бонувон таҳти унвони «Рози бону» бо иқдоми кумиҷроия баргузор шуда, дар он бонувони фаъоли шаҳр нуқтаи назари хешро дар бораи зан- модар ва рисолати онҳо дар ҷомеа сухан карданд. Чорабиниҳои наврӯзӣ низ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Наим Маликисломов аз рӯи маъалаи дуюми рӯзномаи кори ҷаласа баромад намуда, таъкид дошт, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни бошукуҳи 25- солагии соҳибистиқлолии кишвар қарор дорем ва барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашн бояд кумитаи тадорукот ташкил ва нақша-чорабиниҳоро аз ҳозир омода намуда, бо баргузории чорабиниҳои мухталиф сатҳи худшиносии аъзо ва пайравонро боло бардорем. Бо таклифи аҳли раёсат кумитаи тадорукот аз ҳисоби зизиён, коркунони соҳаи саноату сохтмон ва фарҳанг таҳия шуда, тасдиқ гардиданд. Дар идомаи кори ҷаласа Наим Маликисломов аз рафти омодагиҳо ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ сухан карда, ба аҳли раёсат дастур дод, ки дар ин самт ташвиқу тарғиботро пурзӯр намуда, шиору овезаҳои даъватиро бештар омода намоянд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки китобчаи тағйиру иловаҳои Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди зиёд таҳия гардида, ба интихобкунандагон паҳн карда шавад. Дар фарҷоми кори ҷаласа таҳлили вазъи воқеии аъзоёни ҳизб дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси кумиҷроия баён шуда, аз ҷумла таъкид шуд, ки айни замон шумораи аъзоён дар шаҳри Хуҷанд ба 13 ҳазору 769 нафар расида, бештари аъзоёнро коркунони соҳаи маориф, тандурустӣ ва идораи коммуналӣ ташкил медиҳанд, аммо ҷалби аъзои нав аз ҳисоби коркунони соҳаи саноат ва бонк чандон ба талабот мувофиқ нест. Баҳри ислоҳи вазъ ба ҳозирин дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Бо қабули қарорҳо ба бандҳои асосии рӯзнома кори ҷаласаи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима ёфт.