11-уми феврали соли 2023 дар асоси дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, супоришоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд шанбегӣ доир гардид.

Дар шанбегӣ аъзоёну пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок карда, атроф ва замини назди ташкилотҳои ибтидоӣ ва кӯчаҳои шаҳрро аз ҳар гуна гулу буттаҳои худрӯй ва бегона тоза намуда, шоху навдаҳои дарахтонро ба тартиб дароварданд. 
Масъулин мақсади чунин ҳашарҳои умумиро барои ободии кишвар ва тоза нигоҳ доштани атроф ва муҳити зист муҳим арзёбӣ карда, иброз медоранд, ки ин метавонад дар тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон нақши муҳим гузорад.