Барои пешбурди кору фаъолияти ҲХДТ саҳми босазои шахсони дар ҷамъият обрӯдошта, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷомеа хеле калон буда, чунин шахсон дар ҷодаи обрӯманд гардидани ин ҳизби ормонҳои халқ камари ҳиммат бастаанд. Аз ин лиҳоз аз тарафи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дидорбинӣ ва аёдати ин нафарон ба роҳ монда шуд.

Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи занони кумиҷроияи вилоятӣ Заррина Раҳмон Аҳадзода ва муовини раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева иштирок намуда, онҳоро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Хуҷанд  табрик карданд.