Яке аз масъалае, ки асоси фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ин амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мебошад ва дар ин самт дар арафаи ҳамаи санаҳои ҷашнӣ аёдати ҷавонони ятимону маъюбон ба роҳ монда шудааст.

         Имрӯз бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо омад – омади Иди Рамазон ва бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ду нафар ҳамсолони худро, ки бо амри тақдир маъюб гардидаанд, аёдат намуда, ба онҳо маводҳои хӯрока ва сару либос дастрас намуданд.

Ҷавонони имконияташон маҳдуд шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти ҳизб расониданд.