Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 12-уми ноябр дар ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Тутти калон» ва санаи 13-уми ноябр дар ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Масҷиди савр» вохӯриву мулоқот бо соҳибхоназанон ва занони оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар мавзӯи «Нигоҳи пурмеҳр сӯи зан» баргузор гардид. Дар ин вохӯриҳо мудири шӯъбаи кор бо занони Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд Мукаррама Негматова баромад намуда гуфт, ки бо саъю талошҳои ҳукумату давлат ва шахсан Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми зан дар ҷомеа тайи чанд соли охир баланд гардида, ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонида шуданд.

Қайд карда шуд, ки таъсири занон дар баланд бардоштани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакат ниҳоят муҳим аст ва давлат ба баланд бардоштани мақом ва нуфузи занон дар ҷомеа диққати махсус медиҳад. Зиёд шудани шумораи занон дар ҳайати вакилони Парлумони Тоҷикистон ва интихоб гардидани зан ба вазифаи яке аз муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Инчунин зикр карда шуд, ки яке аз омилҳои иштироки занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа узвияти онҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ намояндагии занон дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи зиёда аз 43% буда, боиси ифтихор аст, ки занони Тоҷикистон баҳри амалӣ шудани барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва дастури Раиси ҳизб тамоми истеъдоду маҳорати касбии худро истифода намуда, дар устувор гардидани пояҳои давлатдорӣ чун симои ҳақиқии занони сиёсатмадори тоҷик азму талошҳо меварзанд. Таъкид карда шуд, ки бояд ҳар як модари тоҷик дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон ва дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳамул саҳми босазои худро гузорад.