Дар толори “Маркази фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласа доир гардид. Раиси кумиҷроия дар оғози чорабинӣ қайд кард, ки дар пеш моро маъракаи муҳими сиёсӣ раъйпурсӣ оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) кишвар интизор аст. Аъзо ва пайравони ҳизбро мебояд то бештару беҳтар бо раъйдиҳандагон вохӯрӣ доир намуда моҳият ва зарурати тағйиру иловаҳоро фаҳмонем. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома-даъвати конференсияи ХV1 ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд раиси кумиҷроия баромад намуда, гуфт, ки дар асоси банди 4.13 Оинномаи ҲХДТ ба мо зарур аст, ки конференсияи ХV1 ғайринавбатии худро баргузор намоем ва бо таклифу пешниҳодҳои аъзоёни кумиҷроия баргузории Конференсия санаи 13 май таъин карда шуд. Аъзои кумиҷроия бо як овоз қарор дар бораи баргузории конфронси ғайринавбатиро дастгирӣ намуданд. Баҳри хубу хотирмон ва шаффоф гузаштани раъйпурсӣ мутобиқи моддаи 6 Қонуни консититутсионӣ аз ҷониби кумиҷроия 64 нафар намояндагони ҳизб ҳамчун нозир дар ҷаласа тасдиқ гардиданд. Мутобиқи қарор сафархарҷӣ ва барои тановул ҳангоми ҳӯроки нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ аз чониби кумиҷроия маблағгузорӣ карда мешавад. Раиси кумиҷроия барои саҳми шоёни раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони мактабҳои олии вилоят дар баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ изҳори сипос намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд фаъолони ҳизб Сипоснома супорид. Ҳамчунин мувофиқи анъана ба якчанд нафар аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Бо ҳамин кори ҷаласа хотима ёфт.