Шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва бо ҷалби волонтёрон барои ташвқиу тарғиб оид ба пешгирии бемории сироятии  COVID 19 бо аҳолии кумитаҳои маҳаллаиҳои “Раззоқ” ва “Қорираҳмат Қурбонов” вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин бо  усули “хона ба хона” бо сокинони маҳалла суҳбат доир намуда, ҳамзамон бо тарзи зист, рӯзгордорӣ, ҳолати тозагии манзили онҳо шинос шуда, усулҳои пешгирии амрози сироятӣ ва риоя гигиенаи шахсиро фаҳмонида, инчунин барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон  аз ин   бемории хафнок ба онҳо  маводҳои  таблиғотӣ дар шакли буклетҳо  дастрас карданд.