Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Муҳаммад Осимӣ» чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи муаллим» баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимиро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд ва 4 нафар омӯзгорони фаъол, аъзоёни ҲХДТ, ки дар ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб фаъолона ширкат меварзанд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Комиҷроия сазовор гардонида шуданд.

Инчунин, ба якчанд нафар омӯзгорон, ки ба унвони Раиси Комиҷроия барои дохил шудан ба сафи ХХДТ ариза пешниҳод карда буданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Чорабинӣ бо иштироки ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Фазлиддинов ба худ ҳусни тозаеро зам намуд.