Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторонро ҳамеша дар мадди назари худ қарор додаст ва бо ин васила мекушад барои ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар кўмак расонад.

Бо ҳамин мақсаду маром дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнгирии идҳои муққаддас 20 –солагии Рўзи ваҳдати миллӣ ва иди саиди Рамазон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони кумиҷроия аз ҳолу аҳволи якчанд нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон дидан намуд.

Аз ҷумла дидорбинӣ бо истиқоматкунандаи маҳаллаи Сирдарёи  шаҳри Хуҷанд, баргузор карда шуда, ба аёдатшаванда маводҳои хўрока ва тўҳфаи кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.