Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар солҳои охир рӯ овардан ба асолати миллӣ эҳёи ҳунарҳои миллӣ рӯ ба тарққӣ ниҳода, бо иқдом ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдаитим миллӣ- Пешвои миллат ҳунарҳои аз хотирҳо фаромӯш шуда, дубора  зинда шуда истодаанд. Махсусан  эълон гардидани солҳои 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди соҳа таккони бузург бахшид.  Дар доираи ин ташаббус бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Ҳунар омӯз, к- аз ҳунармандӣ” вохӯрии муовини Раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева, сармуҳосиби кумиҷроия Дилбар Ҷаҳонгирова ва ҳунарманд, гирандаи Гранти Раиси вилоят Мавҷуда Ҳакимова,  бо устодону донишҷӯёни коллеҷи санъат доир гардид.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева чорабиниро  ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳунару ҳунармандӣ мояи пешбурди зиндагӣ, муаррифии шоистаи мавзӯъ ва кишвар маҳсуб ёфта, имрӯз рӯ ба рушд ниҳодааст.

Мавҷуда Ҳакимова дар бораи эҳёи адрасу атласбофӣ сухан ронда, қайд кард, ки ин омӯзиши  ҳунарҳо инсонро  ба зебоипарастӣ талқин намуда, вазъи иҷтимоиро беҳтар мекунад. Хуб мешуд, ки занони хонашини бешуғл бештар ба Марказҳои ҳунарӣ ҷалб гарданд, то онҳо низ дар бешдошти вазъи иҷтимоии худ саҳм гузоранд.