Муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзии вилояти Суғд нимаи дуюми имрӯз вориди Хуҷандшаҳр гардида, дар чорабинии идонаи сокинонони маҳаллаи “Бофанда”, ки аксаран аъзоёни фаъоли кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи “Муҳамад Осимӣ” мебошанд, ширкат варзид.

Саҳни бинои маҳалла, ки ҳамшафати мактаби санъати ба номи Боймуҳаммад Ниёзов аст, идона оро дода шуда буд. Шогирдону устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва мактаби санъат намунаи офаридаҳояшонро ба маърази меҳмонон гузошта буданд. Садои доираву карнай, рақсу бозии беғаши кудакон, суруди анъанавии суманакпазон дар сари дег шукуҳу ҷалоли Наврӯзро дучанд мегардонд. Чун рамзи муҳаббат ба асолати миллӣ муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Матлуба Сатториён ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар суманаки пухтаистодаро кафгиргардон карданд.

Дар расми кушодашавии чорабинии идона Маликисломӣ Наим Мунаввар меҳмонони олиқадрро ба Хуҷандшаҳри бостон хайрамақдам гуфта, баён дошт, ки хислати ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз аз фазилатҳои олиаш сарчашма мегирад. Чуноне Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон доир ба фазилатҳои Наврӯз баён доштанд: “ Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз-оғози сол аст. Яъне Наврӯз Соли Нави аҷдодони мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон- Тоҷикистон сайю талош карда, сарватҳои табии ва муҳити зистро ҳифз намоем”. Барҳақ Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, бунёдкорӣ, ки ба соҳаи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид.

Абдуҷаббор Азизӣ барои пазироии самимӣ ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуда, аз номи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли ҳизбиёни шаҳри Хуҷандро муборакбод намуд. Мавсуф аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои амалҳои неку шоиста бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар баромади Сатториён Матлубахон Амонзода зикр шуд, ки марҳилаи навини таҳаввулоти шинохти Наврӯз ва эҳёи суннату оинҳои он ба даврони Истиқлоли Тоҷикистон пайванд мегирад. Аз файзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифта, шукӯҳи он пайваста меафзояд. Маҳбубияти ин ҷашни миллӣ бори дигар дар чорабинии имрӯза собит шуд.

Сипас аз ҷониби шогирдони мактаби санъат ва ҳунармандони ҳудуди маҳаллаи “Бофанда” чорабинии рангини фарҳангӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.