Бо мақсади фаҳмондадиҳии дастовардҳои замони Итиқлолият, ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Шоира Бузурукова дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот кормандони Марказ, фаъолони ҳизб ширкат варзида, аз Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва номзадҳои он шинос гардиданд.

Шоира Бузурукова дар баромади худ аз ҷумла баён дошт, ки мақсади асосии ҲХДТ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб дар панҷ соли оянда низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ андешида, ба онҳо афзалият медиҳад.

Ҳамчунин, чанде аз иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба саҳми ҲХДТ дар рушду тараққиёти мамлакат суханронӣ намуданд.