Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таи 19 аст, ки фаъолият намуда, дастуру супоришоти роҳбарияти ҳизб ва иҷрои саривақтии қарорҳои Анҷуманҳо, маҷлисҳои кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҳизбро сармашқи кори худ медонад.

Боиси сарфарозист, ки гурўҳи кории дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати мудири шўъбаи ташкилӣ ва кор бо робитаҳои байналмилалӣ Аҳмадрафиқ Ҳомидов,  раиси комиссияи тафтишотии дастгоҳи Кумиҷроияи Марказӣ Ҳусейн Ализода, аз  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  дидан намуданд. 

Онҳо дар баробари омўзиши фаъолияти кории Кумиҷроияи шаҳрӣ инчунин, аз якчанд ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуда, раванди қабул ба сафи ҳизб, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳизбӣ, рафти хонишҳои сиёсиро мавриди санҷиш қарор доданд.

Дар рафти санҷиш гурўҳи корӣ аз ҷумла, таҷрибаи ҷорисозии варақаи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ роҳандозӣ шудааст мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Дигар аз нуктаҳое, ки дар рафти санҷиш баён гардид, ин баланд бардоштани масъулияти ҳар як нафар кормандон ҷиҳати кор бо аъзо мебошад.

         Бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ ва ҳайати гурўҳи корӣ зимни як ҷаласа самтҳои минбаъдаи фаъолият муаяйну мушаххас гардиданд.