Шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоляти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят ва ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза зидди зӯоварӣ дар оила рӯзи гузашта дар толори маҷлисгоҳи идораи молияи вилоят маҷлиси васеъ бо ширкати раисони кумитаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии марбут ба ҳимояи ҳуқуқи инсон, кормандони васоити ахбори омма доир намуданд. Дар оғоз сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲДғи вилоят Нодира Мирзозода доир ба самти пешгирифтаи Раёсат бар зидди, зӯроварӣ дар оила ва мубориза бо он ҳадафи баргузории маъракаи иттилоотӣ баромад намуд. Эълон гардид, ки ба хотири огоҳии комил пайдо намудани сокинон аз мушкилиҳои умдаи ҷомеа ва оила дар вилоят 16 рӯзи алайҳи хушунат доир гардида, дар доираи он силсила чорабиниҳо баргузор хоҳад шуд. Ҳамроҳ Атаева, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҳамкории гуногунҷабҳаи ҳизбиён ва занони пешқадами вилоят дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи занону бонувон сухан намуд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова аз фаъолияти кунунии ташкилот сухан ронда, омили асосии ба хушунат гирифтор шудани хосса занонро аз паст будани сатҳи маърифати мардон, бетарафии аҳли ҷомеа дониста, иброз дошт, ки беш аз 16 сол ин ҷониб марказ ба занони гирифтори хушунат гардида ёрии равонию ҳуқуқӣ мерасонад ва ба онҳо сарпаноҳи муваққатӣ медиҳад. Сабоҳат Бобоҷонова ҳозиринро бо нақша - чорабинии Маъракаи иттилоотии «16 Рӯз алайҳи хушунат нисбати занон» шинос намуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша вохӯриву сӯҳбатҳо бо донишҷӯёни донишгоҳҳои олии вилоят, колеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Хуҷанд, сокинони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ғончӣ гузаронида мешавад.