Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷрояии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯз 18 сентябри соли 2019 дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ доир гардид ва ахборотчиён дар назди шунавандагон дар мавзӯи Роғун боргоҳи нур баромад намуданд.

Аз ҷумла чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд баргузор карда шуд, ки дар он аъзои кумиҷроия Абдумавлон Азимов ширкат варзида, доир ба мавзӯи мазкур баромад намуд.