Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд карда буданд, ки Тоҷикистон даҳ соли аввали соҳибистиқлолии худро танҳо ба хотири оромӣ, сулҳу суботи ҷомеа бахшида, марҳилаи муҳими созандагиву бунёдкориро маҳз дар даҳсолаи дуюм оғоз кард. Расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ дар қатори се ҳадафи стратегии кишвар қарор дошта, солҳои охир барои ноил шудан ба ин ҳадаф иқдомҳои ҷиддие рӯи кор омад. Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва 2, таҷдиду азнавбарқароркунии нерӯгоҳи барқии Қайроққум бо номи «Дӯстии халқҳо» ва «Помир» худ далолати он аст, ки давлат ва ҳукумат мекӯшад, то талаботи аҳолиро барои истифодабарии нерӯи барқ таъмин созад. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки то кунун мо наметавонем эҳтиёҷоти сокинонро дар ин маврид дар мавсими сармо бароварда бошем. Давлат ва Ҳукумати кишвар ягона воситаи раҳоӣ аз камбудии барқро дар мавсими зимистон танҳо дар сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳи бузуртарини Осиёи Марказӣ -нерӯгоҳи Роғун медонад. Ин иншооти аср, ки барои кишвари мо чун обу ҳаво зарур аст, ҳанӯз солҳои 70-уми қарни гузашта бо пешниҳоди коршиносон бояд сохта мешуд ва ташаббускори асосии ин тарҳи бузург ходимони давлативу сиёсии давлати ба мо ҳамсоя – Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб мешуд ва то имрӯз нақшаи генералии нерӯгоҳ дар бойгонии ин кишвар қарор дорад. Он вақт таҳлилгарон исбот намуда буданд, ки дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ аввалан минтақа бо нерӯи барқи арзон таъмин мешавад, сониян захираи бузурги об низ ташкил гардида, дар сурати камбудии об ва хушксолӣ минтақаро метавон бо об таъмин намуд. Мутаассифона, ин тарҳи бузург то охир пиёда нагардид. Ва кишвари мо маҷбур шуд ин тарҳро ба фоидаи худу минтақа истифода барад. Ба ин хотир соли 2004 Ҳукумати кишвар бо ширкати «РУСАЛ» қарордод ба имзо расонид ва мутобиқ ба ин шартнома ширкат мебоист дар кӯтоҳтарин фурсат сохтмонро оғоз намояд. Аммо давлати Ӯзбекистон садди роҳи ин иқдом шуд. Барои тезонидани сохтмони ин тарҳи бузург мардуми баорияти кишвар саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харидорӣ намуданд. Аммо амалан кор дар ин самт суст ҷараён гирифта истодааст. Ахиран Созишнома барои бунёди "Роғун", миёни Тоҷикистон ва "Салини Импреҷило" – и Италия баста шуд. Ва мавҷи норозигӣ ва ҷанги иттилотӣ дар Ӯзбекистон аз нав шурӯъ шуд. Рустам Азимов, муовини вазир, Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар рӯирост аз дастгирӣ накардану зид баромад ба сохтмони нерӯгоҳ иброз доштанд. Профессор Марат Зоҳидов бошад, дар як конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Сочӣ алайҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" баромад хоҳад кард. Дар ин бора "Uzmetronom" хабар дода, афзудааст, ки дар конфронси байналмилалии шаҳри Сочӣ фоҷеаҳои табиӣ ва техногенӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд : "Дар назар аст, ки Зоҳидов бо як гузориши густурда алайҳи сохтмони нерӯгоҳи " Роғун "баромад кунад". Аз ин пештар ҳам даҳҳо мақолаҳои «таҳлилии» олимони Ӯзбекистон дар нашрияҳои расмии ин кишвар дарҷ шуда буданд. Аммо ин олимон дақиқан медонанд, ки сохтмони нерӯгоҳ аз ҷиҳати сеймасологии ба минтақа ягон хавф надорад. Ин баҳонае беш нест. Дар асл ҳамсоякишвар намехоҳад ба чизеву кие аз кишвари мо вобаста бошад. Агар чунин намебуд коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Олмону Фаронса, Италия ва Шветсария дар хулосаҳои худ мегуфтанд, ки сохтмони нерӯгоҳ қатъ карда шавад, баръакс онҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳар чи бештару пештар сохтмони нерӯгоҳ оғоз гардад. Ин эълони ногаҳонии онҳо тарбузро аз бағали роҳбарони ҳамсоякишвар ғалтонд. Онҳо дар симпозиуму конфронсҳои байналхалқӣ садо баланд мекунанд, ки омили камшавии об дар ҳавзаи Арал маҳз истифодаи нооқилонаи об аз кишварҳои болоб аст. Ин суханон дар ҳоле гуфта мешавад, ки кишвари мо ҳамагӣ аз 100 фисад, 1,2 фисадро истифода мебараду халос. Баръакс як обанбори калони «Қайроққум» беш аз 50 сол мешавад, ки дар хидмати кишоварзони Ӯзбекистон қарор дорад. Касе аз коршиносони Ӯзбекистон намегӯяд, ки камобӣ ин бо айби худи ин кишвар шуда истодааст. Дар ҳудуди ин кишвар беш аз 70 обанбори хурду бузург аст ва ин қадар захира албатта ба камшавии оби минтақа таъсир мерасонад. Дар сомонаи расмии «Фергананюс» мусоҳибаи ду мутахассиси варзидаи кишварамон Георгий Петров ва Ҳомидҷон Орифовро бо рӯзноманигор Нигора Бухоризода хонда, ростӣ хеле мамнун шудам. Ин нафарон бо мисолҳои воқеӣ исбот кардаанд, ки сохтмони НБО «Роғун» аз мамлакати мо дида, ба ҳамсоягон манфиати бештар меорад. Георгий Петров дар мусоҳибааш меорад, ки нерӯгоҳи барқии «Норак» намунаи олии бехатарӣ маҳсуб мешавад ва нерӯгоҳи барқии «Роғун» низ тақрибан дар ҳамин маҳал бунёд мешавад. Агар хавфи зилзила барои вайрон шудани нерӯгоҳ мегардид, ин нерӯгоҳ кайҳо аз байн мерафт ва тибқи хулосаи коршиносон нерӯгоҳ метавонад 150 сол барои миллат хизмат кунад. Ҳомидҷон Орифов бошад, дар мусоҳибааш менигорад, ки баъди ба истифода додани нерӯгоҳи барқии «Роғун» кишвари Ӯзбекистон метавонад ҳазорҳо гектар заминҳои нокорами худро обёрӣ намояд. Гузашта аз ин аз истифодаи нерӯи гаронарзиши барқ, ки тавассути газ истеҳсол мешавад, даст кашад. Магар ин бар фоидаи онҳо нест? БА ҶОИ ХУЛОСА Ду сол қабл бо коре озими шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шудам. Ва аввалин ҳамсӯҳбати ман ронандаи оддии машинаи кироя аз Ҷумҳурии Тоҷикистон будани маро фаҳмида илтимос кард, ки нерӯгоҳи «Роғун»-ро насозем. Чун гуфтам, ки сабаб чист. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки тамоми минтақаи Осиёи Миёна зери об мемонад. Ин андешаи соддалавҳона натанҳо дар зеҳну шуури ин ронандаи мошинаи кироя, балки дар майнаи сари хурду бузурги ин кишвар ҷо гирифтааст. Вақти он расидааст, ки мо низ садо баланд намоем. Ва қотеона бигӯем, ки мо низ ҳақ дорем захираҳои табии худро бар манфиати худ сарф намоем. Чаро Ӯзбекистон аз захираи бузурги нафти худ истифода бараду мо аққалан 20 дар сади оби худро ба фоидаи кишварамон сарф накунем, дар ҳоле ки мутобиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ мо ҳақ дорем 50 дар сади оби худро истифода барем. Он рӯз дур нест, ки дар дурдасттарин минтақаҳои кишварамон дар мавсими зимистон низ лампаҳо чароғон мешаваду мо ба кишвари азими интиқолдиҳандаи нерӯи барқи арзон мегардем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, котиби масъули рӯзномаи «Шафақ»