Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сифат” дар назди Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд маҷлиси васеъ доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуд.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ ва террористӣ, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ва омӯзиши фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ баргузор шуда, дар ҷараёни он қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Зимни баромади худ раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб баён дошт, ки Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои берунӣ низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароити ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Вобаста ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раиси кумиҷроия зикр дошт, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонаги гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд.

Мо фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки ҷиҳати раҳнамун кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии онҳо, пешгирӣ аз ҳамагуна амалҳои номатлуб сайъу талош варзем ва барои тараққиёти мамлакат саҳми босазои худро гузорем.

Ҳамчунин, дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи семоҳаи аввали соли 2023 шунида шуд.

Дар охир фаъолони ҳизб бо Сипосномаю тӯҳфаҳо қардшиносӣ гардиданд ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзоёни нав ба сафи ҳизб дохилшуда супорида шуд.