Имрузҳо нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамалакат ва барои пешрафти ҷомеаи солиму мутамаддин басо назаррас ба чашм мерасад. Хушбахтона солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлат нисбати дастгирии ҷавонон бештар гардида истодааст.

Такя бар дастгирию ҳидоятҳои сулҳчӯёнаи Сарвари давлатамон, ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми нерӯ ва қувваи худро баҳри аз худ намудани дониш ва барои ободии диёри махбубамон сафарбар намоянд. Ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил нашаванд ва ҳаммаслакони худро аз роҳҳои бад боз дошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Зеро ҷавонон метавонанд, ватани маҳбуби худро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб нигоҳ доранд.

Рӯзи гузашта 26 октябри соли 2016 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо донишҷӯёни фаъол тренинг дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ» доир гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев ширкат варзида, оиди таъсисёбии ин ташкилот ва дар бораи мафҳум ва мақсадҳои ҲХДТ маълумот дод.     

 Сипас, муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд Исматҷон Ҷумаев дар бораи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» баромад намуд.

Дар рафти ин барнома аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» Далер Қосимов якчанд мавзӯҳои мубрами рӯз ба муҳокима гузошта шуд,  ки дар он ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.

Дар охир ҳамаи иштирокчиён ба қаҳванӯшӣ даъват гардиданд.

Бояд гуфт, ки ин тренинг ҳар моҳ як маротиба аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир карда мешавад.