Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоняд, ки ҳадаф аз ташкили Артиши миллии Тоҷикистон ин таъмини амният дар кишвар ва муҳайё сохтани фазои осоишта ба мардуми ин диёр аст. Пас эй ҳамватан биёед бо ҳам сарҷамъ шуда, баҳри ҳифзи марзу буми диёри аҷдодиямон камари ҳиммат бандем.”
Хонандагони арҷманд! Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси мо ҷавонон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Мо ҷавононро мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошем. Ин нуктаҳоро имрӯз мудири шуъбаи кор бо ҷавонон КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев зимни вохӯри ба ханандагони МТМУ №26 ва МТМУ№5 ироа намуд.
Дар вохӯрии хонандагони МТМУ№26 ва МТМУ№5 мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ Заррина Раҳмон ва мудири ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ширкат варзида ба хонандагон оид ба зинаи сеюми таҳсилот, оид ба қабул шудани ҷавонон ба ТҶҶ «Созандагони Ватан» сухан намуда қайд намуданд , ки имрӯз бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва имконият барои таҳсил дар донишгоҳҳо хуб гардида ҳар як хонанда агар дониши кофӣ дошта бошад ба таври тести метавонад бемамоният ба Донишгоҳҳо шомил гардад. Барои зинаи сеюми таҳсилот дохил шудан шумоён хонандагон бояд бештар хонед ва соҳиби касбу ҳунар гардида барои гулгулшукуфоии миллатамон саҳми арзандаи хешро гузоред.
Чунин вохӯриҳо бо хонандагону донишҷӯён аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо идома дорад.