Бахшида ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Мирзосангин Қутфидинов бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода доир ба нақши ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, баргузории чорабинии мазкурро дар муассисаи бонуфузи вилоят – беморхонаи вилоятӣ ба муносибати санаи таърихии миллатамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва тавъам омадани онро дар соли ҷашнҳои бузурги 25-солагии қабули Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25–умин солагарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рамзӣ нек дониста, иброз дошт, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи бузург табдил ёфтааст. Ин ҳизби мардумӣ танҳо дар вилояти Суғд беш аз 500 ҳазор нафар аъзоро дар бар гирифтааст.

Ҳамзамон, Сатториён М.А таъкид намуд, ки дар ин муассисаи бонуфуз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ фаъолияти босамар дошта, он 362 нафар узвро муттаҳид кардааст ва аҳли кормандони беморхона дар партави корҳои созандагиву бунёдкории Президенти мамлакат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузоранд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд се нафар аъзои фаъоли ҳизб бо медали ҷашнии “20-солагии таъсисёбии ҳизб”сарфароз гардида, 40 нафар кормандони тиб, ки аксарияти онро ҷавонон ташкил мекунанд, ба сафи ҳизб пазируфта, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.