Бо мақсади мусоидат намудан дар таъмини пойдории оила, ҷалби ҳар чӣ бештари занону ҷавондухтарони бекор барои аз худ кардани ҳунарҳои аҷдодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани вазъи иқтисодии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати молиявӣ (оқилона муомила кардан бо пул), одоби рӯзгордорӣ ва кадбонугӣ, фароҳам овардани шароит барои касбомӯзии духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиикистон дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондани ҳамкориро бо бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр, Раёсати агентии шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимӣ ба нақша гирифтааст. Дар ин радиф дар КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд Мизи мудаввар дар мавзӯи «Мусоидат намудан дар ташкили маҳфили омӯзишии Кошонаи саодат» баргузор гардид. Иштирокдорони ин Миз андешаҳояшонро оиди масъалаи мазкур иброз намуда, ташкили ин маҳфили омӯзиширо айни муддао ва саривақтӣ ҳисобиданд. Собиқадори меҳнат, ходими давлатию сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова низ ташкили чунин маҳфили омӯзиширо мувофиқи мақсад ва манфиати онро барои ҷавонон хеле зиёд арзёбӣ намуд. Раиси ташкилоти ибтидоии КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд М.Дадобоева дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» суханронӣ намуд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова бораи ҳадафҳои асосии ташкили маҳфили омӯзишии «Кошонаи саодат» дар КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд истода гузашта, таъкид намуд, ки ба омӯзандагон дар баробари омӯзонидани ин ё он ҳунар сӯҳбати равонӣ, ҳуқуқӣ, машқи ташаккули маҳорати гуфтани «Сухани сеҳрнок», одоби муошират, рӯзгордорӣ ва омӯзонидани банақшагирии буҷаи оилавӣ ташкил карда шуда, дар ин сӯҳбату мулоқотҳо модарони собиқадор ва ашхосони таҷрибаи бои зиндагидошта, кадбонуҳои беҳтарин, мутахассисони варзида, равоншиносону ҳуқуқшиносон дар бораи маърифати оиладорӣ маълумотҳои зарурӣ дода, сирри мустаҳкамии оиладориро бо роҳи пурсишу посух ба ҷавонон меомӯзонанд. Ин чорабинӣ идомаи чорабиниҳо бахшида ба Соли Оила ва ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.