Дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ҷадвали баргузории бозии варзишии футболи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бозии футбол миёни тамоми  шаҳр идома дорад. Санаи 22.07.2021  миёни дастаҳои Доро - Дӯстон ва Темурмалик - Автосервис баргузор карда шуд. Зимини баргузории чорабинӣ нахуст роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" - и Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ва муовини раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Равшван Юсупов  дар назди дастаҳо суханронӣ намуда, варзишгаронро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ҳадафи баргузории чорабиниро ба онҳо шарҳ дода барору комёбиҳо орзу намуданд.равад.