Аз рӯйи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳар моҳ дар мавзӯъҳои мухталифи сиёсӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ Рӯзи ягонаи хониши сиёсӣ гузаронида мешавад.
Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Хонаи кӯдакон” дар мавзӯи
“Танзими расму оин ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ” бо аъзоёни фаъоли ҳизб мулоқот барпо гардид.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мутахассиси шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Азиза Мирзохоҷаева иштирок ва баромад карданд.
Таъкид гардид, ки риояи Қонун барои ҳама ҳатмӣ буда, он барои беҳбудии зиндагии мардум ва камхарҷ гузаронидани маъракаҳо ба тавсиб расидааст. Имрӯзҳо бархе аз сокинон ба қонуншиканӣ ва зам намудани харҷи зиёдатӣ роҳ дода истодаанд, бояд сари вақт пеши роҳи ҳаргуна конунвайронкуниро гирифта бошем ва ба ҳамдигар таъсуб накарда, аз рӯйи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо” тӯю маросимҳои худро гузаронем.
Мақсад аз гузаронидани чунин мулоқотҳои дар байни ҷомеа ин пешгирӣ намудани қонуншиканӣ аз тарафи сокинон мебошад.