Субҳи имрӯз яке аз ҷавонони бо нангу номуси кишварамон Меҳроҷ Хӯҷаев  сокини шаҳри Хуҷанд маҳаллаи Ҷаббор Расулов  бо сари баланд хизмати Ватан –модарро ба охир расонида ба назди волидайни худ баргашт. Ӯро аҳли маҳалла ва пайвандону хешовандон бо як руҳияи идона пешвоз гирифтанд.

Ҳамчунин дар пешвозгирии сарбоз ва  хурсандии аҳли оилаи Хӯҷаевҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд шодишарик гардида, сарбоз Меҳроҷ Хӯҷаевро бо Сипоснома ва волидайни ӯро бо  Раҳматномаю туҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карданд.

Аҳли ҷомеа фарзандонамонро чунин тарбия намоем, ки ҳаргиз аз хизмати Артиш саркашӣ накунанд ва баҳри ободкориву созандгӣ, ҷой кардани меҳри Ватан дар қалби эшон, бедор кардани ҳисси меҳанпарастӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба роҳи рост ҳидоят намоем.