Дар асоси нақшаи кории кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо ташкили чорабиниҳои муштараки иттилоотӣ – маърифатӣ бомаром тақвият меёбад.

Аз ҷумла, санаи 22.07.2020  бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни шаҳрвандон  кормандони кумиҷроя  дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳои  МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, марказҳои саломатӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш,  шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳр ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди мағозаи ОАЗИС ва бозори марказии Панҷшанбе  корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуд.

Ба сокинон аз ҳисоби ташкилкунандагони чорабинӣ  ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотӣ  ройгон тақсим гардид.