Дар фарҳанги мардуми тоҷик нахустин афкори ахлоқӣ одоби муошират ба шумор меравад. Шиори асосии фарҳанги қадимаи ниёгони мо, ки дар китоби муқаддаси “Авасто” бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд омадааст “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буда, инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ӯ на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гӯяд ва, муҳимтар аз ҳама, дар ҳама ҳолатҳо бояд рафтори шоиста намояд.

Мардуми бофарҳанги тоҷик таи қарнҳои зиёд зери ин шиор амал намуда, дар байни ҷаҳониён мақом ва манзалати худро дорад.

Вале мутаъсифона нафароне ёфт мешаванд, ки мехоҳанд Тоҷикистонро зери чанголи худ гиранду осоиштагии ин миллатро халалдор намоянд.

Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, ки як умр зидди ҳукумати Тоҷикистон гап мезанаду, гап мезанад. Фикру ақидаҳои мардуми тоҷикро заҳролуд намуда, мехоҳад, ки ҳукмрони кишвари мо бошад. Хушбахтона дар хоби шабашҳам ин рӯзҳоро намебинад.Муҳиддин Кабирӣ бозичаи зердасти толибон ё ки хориҷиён аст, ки бар ивази иғвоҳояш шётҳои дар банк доштагиаш пур мешавад. Вале фикр намекунад, ки оқибати амалҳояш ба чӣ оварда мерасонад. Сохти давлатдориро бо як ё ду гурӯҳ одамони кӯчак ва ё бо тиру туфани толибон барин инсонҳо идора карда намешавад.

Мо тоҷикон бо сарварии Пешвои муаззами худ Истиқлолияти хешро ба даст овардем ва он бароямон аз ҷон ҳам азизу муқаддас аст. Таи си соли давлатдорӣ Тоҷикистон машҳури дунё гаштаасту ҳамаи давлатҳои ҷаҳон моро эътироф мекунанду мешиносанд. Мо ҳаргиз намегузорем, ки сохти сиёсии давлати абарқудрати моро нокасону хоинон халалдор намоянд.

Мо ба мардони бонангу номуси миллати хеш итминон дорем. Зеро онҳо шабу рӯз сарҳади моро мардонавор ҳивз доранд. Аҳсан ба сарбозони шуҷоатманду далер, ки сарҳади моро посбони мекунанд.

 

Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гӯям,

Диёре дар назар дорам, ки бо он шоду озодам.

Ба ҳар кӯяш гузар дорам, расад ҳар дам ба фарёдам,

Тоҷикистон номи неки ӯст, чу ҷонам дорам ӯро дӯст!

 

Биоишаи Назар

аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар шаҳри Хуҷад