Дар шаҳри Хуҷанд мулокоти раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба ҷавонони шаҳри Хуҷанд, Қайроққум, ноҳияи ба Б. Ғафуров ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Давлатии Техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот Аҳтам Абдуллозода оиди тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҳамагуна зуҳроти номатлуб, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ибрози ақида намуда, ҷавононро ба сӯҳбати ошкоро даъват намуд. Ҷавонон дар навбати худ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои ифротӣ тарғиби либоси миллӣ, рӯзгордорӣ, тарзи муносибат бо оила , дастгири оиди ташкили семенару вохуриҳо дар маҳал бо ҷавонони душвортарбия, дастгирӣ бобати ройгон ташкил намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар муносибатҳое, ки ба муваффақиятҳои фаъолият боис мегардад суҳбати озод анҷом дода, ҷавобҳои қонеъшаванда гирифтанд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10150
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9983
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8110
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7904
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7274
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1137
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1172
-
Мулоқоти ҷавонон2016-02-20 1458
-
«ХУҶАНД» СОҲИБИ ҶОМИ КУМИҶРОИЯ2018-12-20 1161
-
Гузаштаро наомухта, ҳаргиз имрӯзаро сохта наметавонем.2016-06-16 1495
Меҳмонон