Имрӯз мувофиқи нақша – чорабинии якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Прокуратураи шаҳр ва ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои тадбирҳои протоколи №8 ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 феврали соли 2018 оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии литсейи касби хизматии шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов, ёрдамчии калони Прокурори шаҳр Ҷалолзода Баҳриддин Ғоибназар, Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Шараф Ҷабборов, Раиси ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти конститутсионии «Ҳомии Ваҳдат» Абдусамеъ Абдураҳмонов ширкат варзиданд.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов зимни баромади хеш қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.

Сипас, капитани милитсия Шараф Ҷабборов Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, ёрдамчии калони Прокурори шаҳр Ҷалолзода Баҳриддин Ғоибназар дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр карданд, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.

Сипас, миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.

Дар охир Директори Муассисаи давлатии таълимии литсейи касби хизматии шаҳри Хуҷанд Хайрулло Нурматов ба меҳмонони чорабинӣ ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ карда, ба  чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо минбаъд низ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегарданд.