Тибқи нақшаи чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 23-умин солгарди иди Артиши миллӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқӯқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот бо иштироки намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Фирдавс Каримбоев ширкат варзида, баромад намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд. Мо ҷавонони Тоҷикистон, ки масъулияти эминию озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дӯши худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша ба кору фаъолияти нек ҳидоят намоем. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳасти дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Дар охири чорабинӣ ба 30 нафар ҷавонон, ки барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 11086
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10816
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8920
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8698
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 8042
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1849
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1876
-
Хуҷанд: Семинари дастурдиҳӣ2022-05-27 518
-
Пешвои миллат – ифтихори мо, модарон!2018-11-16 1409
-
Нерӯи созанда2017-08-11 1527
-
Ифтитоҳи Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд2018-10-24 1249
-
САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШРАФТИ ҲХДТ2022-12-06 632
Меҳмонон