Ба ифтихори 24- умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иқдоми кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   мусобиқаи футбол байни наврасони  солҳои 2005-2006 барои дарёфти ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тайи як ҳафта баргузор гардид. Дар он чор даста -  «Хуҷанд», «Барс», «Сайҳун» ва «Садаф»  бо ҳам рақобат карданд. Дар даври ниҳоӣ дастаи «Хуҷанд» ва «Барс» барои ҷом мубориза бурданд. Қисми асосӣ ва иловагӣ ғолибро муайян накард. Бо задании силсилаи 11 метра дастаи «Хуҷанд» соҳиби ҷоми   Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон гардид. Ҷом ва тӯҳфаҳоро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳизб ба ғолибону ҷоизадорон супорид.