Бахшида баҳри гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад. дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ин санаи фархунда Конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст»  дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардад.

Дар Конференсияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, фаъолони ҳизб,  аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон», собиқадорон ва занону ҷавонони пешқадам иштирок доштанд.

Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи заботи давлатӣ муборакбод намуд. Мавсуф зимни баромади хеш зикр намуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳо ва сиёсати некбинонаи Пешвои миллат имрӯз забони давлатӣ мақоми болоро касб намуда, дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ хуб ба роҳ монда шудааст.  Воқеан, ҳам забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих сарбаландона гузаштааст ва имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро идома дода истодааст. 

Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Мирзоқосим Каримзода баромад намуда, зимни суханронии хеш афзуд, ки маҳз ақлу хиради азалии миллати тоҷик боис гардид, ки забони тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо муҳофизат карда шуда, он мақому мартабаи хешро дар байни дигар забонҳо нигоҳ дорад. Имрӯз вобаста ба рушди забони давлатӣ дар кишвар як қатор барнома ва ҳуҷҷатҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати он дар ҷомеа нақши муҳими хешро гузошта истодааст. Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

Баъдан муовини  ректор оид ба таълими донишгоҳи мазкур Ҳаким Ғаюров баромад намуда, аз номи раёсати донишгоҳ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард.

Баъдан маърӯзаи  Шокириён Туғрал Сироҷзода – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ» ва маърӯзаи ба Олимҷонов Мусо Обидович – дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Забони миллӣ – пояи асосии ҳастии миллат» шунида шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ якчанд нафар устодон ва аъзоҳои фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

Бахши фарҳанги “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшид.