Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омода намудани кадрҳои ҷавон дар соҳаҳои мухталифи кишвар ва сиёсати давлатдорӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд курси захираи кадрҳо амал мекунад.

 Дар курси имсола 36 нафар муттахассисони ҷавон аз корхонаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дарс хонда истодаанд.. Аз рӯйи барномаи захираи кадрҳои назди кумиҷроия дар мавзӯъҳои мухталифи сиёсӣ устодон ва донандагони  муттахассисони соҳаи худ дарс медиҳанд.

Ин навбат Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар мавзӯи “Низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва устоди ДИС ДДТТ, профессор Абдумавлон Азимов дар мавзӯи “Иқтисодиёти миллӣ – рушди бонизоми Тоҷикистони соҳибистиқлол” ба шунавандагон дарс гуфта, аз таҷрибаи бойи фаъолияти хеш мисолҳо оварданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани курси захираи кадрҳо ин омода намудани ҷавонон ба корҳои роҳбарикунанда ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи сиёсат мебошад.