Сард гардидани муносибат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон натанҳо нороҳатии роҳбарони ҳар ду давлат, балки боиси ташвиши ҳар ду тараф гардида истодааст. Мардуми шарифи кишвари мо бояд донанд, ки ҷониби Эрон нафареро пуштибонӣ мекунад, ки барои ноором намудани  вазъи кишвар бо ҳизби ғайриқонуниаш кӯшишҳо намуда истодааст. Бале, хеле гарон аст, вақте ки мо ҳамзабонему ҳамфарҳанг ва решаҳоямон аз як об сарчашма мегирад, бо айби чанде аз мансабнишион имрӯз ба дидори якдигар шарафёб нашавем.

Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди яке аз аввалинҳо шуда, соҳибихтиёрии моро эътироф кардааст, вале баъдан ба хотири ба даст овардани имони мардум охунҳои худро барои ҷангу низоъ нисбати мо бархезонд. Тоҷикистон баъди 25 сол далелҳои шаъйиро рӯи даст овард, ки чи тавр охундҳои эронӣ бо дасти худи тоҷикони наҳзатӣ ба ҷони чандин абармардҳои давр қасд намуда, онҳоро аз ҳаёт маҳрум намуданд. Факти таърихиро мо аз забони яке аз муассисони ҳизб Аёмиддин Сатторов рӯзи гузашта тариқи филми мустанад бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» шунидем. Ин марди дар курраи сиёсат обкутобёфтаи 65 – сола беш аз 40 – сол чун аъзо ва мубалиғи ҳизб дониста шуда, худ эътироф мекунад, ки ҳар он амале, ки ӯву ҳизбаш созмон медод, хато буд. Вале ӯ ноилоҷ буд. Ӯ иқрор шудааст, ки Эрон аз аввали фаъолияти ҳизб пуштибон ва маблағгузори асосии ҳизб буд. Долларҳои зиёдеро шахсан ба Муҳиддин Кабирӣ медод, то  шуури сокинони ҷомеаро дигар кунад. Боварию эътимоди сокинони нисбати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дигар шавад. Маҳз ба таври рӯкушод дастгирӣ намудани шаҳсан Руҳонӣ аз Кабирӣ ва даъвату суханронии ӯ дар конфронси исломӣ бозгӯи гуфтаҳои болоист.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳиистиқлолии худардидани сиёсати дарҳои кушодро эълон намуда, ба хотири талқини  ҳадафҳои сулҳҷўёна, ваҳдатпарварона ҳамеша толиби муносибатҳои некбинона будани кишварамонро нишон медод. Махсусан эҳтирому самимияти Сарвари давлат ва халқи олишони нисбати мардуми Эрон дигр буд. Мо тоҷику эрониро ду шохи як дарахт унвон мекардем.  Мутаассифона, мақсаду ниятҳои иддае аз  дӯстонии эронии мо дигар будааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз ҶумҳурииТоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи халқи хеш кўшишҳои зиёде ба харҷ дода истодааст. Мо, сокинони мамлакат  сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштани чунин роҳбар ифтихор менамоем. Ободӣ дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу ГЭС-у роҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили мо шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалими хеш афзун гардонида, эътимодамонро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои мо сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост. Пас, агар дар Тоҷикистон якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармову ободиву созандагӣ суръатнок вусъатёбанда бошад, чи зарурат ба ивази ҳокимият? Ман низ чун шаҳрванди Тоҷикистон тарғибгари сиёсати давлатӣ буда, нисбати бадхоҳони давлат нафрати зиёд дорам.

Баъди расидан ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ, 20 соли созандагиву бунёдкорӣ аз нав ба иғво андохтани мардум, ташкили ҳамоиш бо ба ҳам овардани рақибону бадхоҳону хоинони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои руйирости ваҳдатшиканонаву ҷангҷўёнаи аъзоёни ҳизби террористии ҲНИро ифода мекунад. Ҳадафҳои хунрезиву харобиовар доштани ҲНИро дастгирӣ кардани як мамлакати бегона бошад, муносибати аслии онҳоро ба як кишвари дўсту бародарашон, ки номаш мебаранд, ифода менамояд. Дарднок ва аламовар аст, ки чунин муносибатро як давлати ҳамзабон ба мо раво мебинад. Доштани чунин назар ва раво дидани ин гуна рафтор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон бешак ба даст доштани онҳо дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ далолат мекунад.

Мақомоти Эрон нерӯҳои хориҷиро дар таҳрик ва барангехтани эътирозҳо айбдор медонанд. Воқеан, солҳои охир таъсири нерўҳои беруна ба амнияти ин ё он давлатҳо беш аз пеш ба назар мерасад. Муносибату равобити Ҷумҳурии исломии Эрон бо ТЭТ-и ҳизби Наҳзати ислом, ки ба амнияти давлатии Тоҷикистон таҳдидҳои нав ба навро пеш меорад, намунаи барҷастаи чунин муносибатҳост. Новобаста  умед бар он мебандем, ки ҳукуматдорони ҳар ду тараф вазъияти бавуҷудомадаро бо чашми ақл ба мизони андеша мегузоранду аз баҳри як гурўҳи хоинону беномусон гузашта, муносибатҳои гарму самимии тўлонӣ хешро барқарор месозанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардум бояд  ҳушёру зирак бошанд ва ба доми хоинону беномусони ватанамон наафтанд. Зеро мо ин макони биҳиштосоро бо арақи ҷабин, якдилона, даст ба даст офаридем ва набояд барои як гурўҳ мансабталошон ҳамаи онҳоро бар бод диҳм.

 

Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи курси 3,

ДПДТ дар шаҳри Хуҷанд