Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабони ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Мутмаинам, ки дар радифи гуфтаҳои дар боло зикр кардаам, тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар миқёси кишвар талош варзида саҳми босазо хоҳанд гирифт, зеро пеши роҳи чунин ошӯбгаронро танҳо қувваи пешбарандаи халқ, яъне ҷавонони саодатманди диёр бо заковату матонати мардонагии хеш гирифта метавонанд. Ҷавонони азиз, ҳама вақт кӯшиш намоед, то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик содиқ бимонед.

Даъвате, ки онҳо аз шаҳрвандони миллати тоҷик ба амал овардаанд, он аст, ки барои озод кардани зиндониёни «сиёсӣ» дар асл, имонхоҳони беимон, исломдонони моҷароҷӯ дар гирдиҳамои ширкат карда, садо баланд кунанд. Ин суханҳову рафторҳои ношоиста, аз дараҷаи пасттарини маърифати инсонист, ки бармало аз мардумон хоҳиши онро доранд, ки барои озод кардани ҷинояткорон, ҷинояткороне, ки дар муташанниҷ гардидани рӯзгори босаодати мардум саҳм гирифтаанд, ҷонибдорӣ кунанд. Чунин ҳодисаро дар куҷо дида метавон, ки як нафар инсони комилақл барои боз ҳам тангтар шудани авзоъи ҷомеа кӯшиш намояд. Ин феълу хислатҳо танҳо ба Кабирӣ ва шогирдони ӯ хос ҳастанду дигар пайравонаш.

Тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ андохтан байни мардумони як миллат худ аз чи тавр будани кори муҳассилини ин ҳизб далел медод ва он паёмадҳои дар кишвар ба вуқӯъ пайваста бевосита ба онҳо тааллуқ дорад, агар не пас чаро як нафари мақомот худ оромиву озодиро дар сарҳадҳо таъмин менамоянду боз худи кори давлатро муташанниҷ мегардонанд, ин бӯҳтони беҳадаф ва ғайримаъқул ҳеҷ гоҳ дар зеҳни нафарони соҳибватан нахоҳад омад.

 

Исломова Муҳайё  

асситенти кафедраи Иқтисодиёти соҳавӣ

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ш.Хуҷанд