Дастгирии ҷавонон ва тарбияи мутахассисони болаёқат дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад - таъкид намуд, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мулоқот бо донишҷӯёне, ки моҳи равон дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ширкат варзиданд ва онҳоро бахшида ба ҷамъбасти ҳафтаи таҷрибавӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Ин мулоқот имрӯз, 20 май дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки дар доираи чорабиниҳои «20-рӯзи ҷавонӣ аз санаи 10 то 17-уми май бо қарори Раиси вилоят ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон ва ошносозии донишҷӯён бо низоми идоракунии давлатӣ, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида шуд. Ҳафтаи худидоракунӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ доир шуда, дар он соли равон 45 нафар донишҷӯ аз 450 нафар довталаб тариқи озмун иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки таваҷҷӯҳи роҳбарияти вилоят ба ҷавонони донишҷӯ сол то сол зиёд мешавад. Қабули қарорҳои Раиси вилоят дар самти баргузории спартакиадаи донишҷӯён, доир намудани фестивал-озмуни «Фурӯғи ҷавонӣ» дар байни муассисаҳои олии вилоят, ҳафтаи худидоракунӣ ва дигар чорабиниҳо шаҳодати чунин дастгириҳо мебошад. Абдураҳмон Қодирӣ мутахассисони ҷавонро ҳидоят намуд, ки дар оянда кадрҳои босавод, озодакор, хушмуомилаву боирода бошанд ва бо дасту дили пок барои Ватан хизмат кунанд. Бо мақсади тарғиби фарҳангӣ миллӣ тавсия дода шуд, ки ҷавонони имрӯза бештар ба либосҳои миллӣ таваҷҷӯҳ кунанд ва аз тарғиби анъанаҳои хурофотию бегонапарастӣ худдорӣ намоянд. Насли имрӯзаи ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд ва набояд фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шаванд. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки дар ҳар донишгоҳ маҷмӯи асбобҳои миллии мусиқӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони толибилм ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Раиси вилоят ба донишҷуёни макотиби олӣ ва миёнаи махсус ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ изҳори сипос намуд. Дар суҳбати озод иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ изҳор намуданд, ки аз таҷрибаи кори роҳбарӣ баҳра бардоштанд ва бо нозукиҳои идоракунии давлатӣ аз наздик шинос шуданд, ки оянда дар фаъолияташон ба кор хоҳад омад. Дар анҷоми мулоқот ғолибони Фестивал-озмуни «Фурӯғи ҷавонӣ» бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҷои аввал бо диплом ва 5 ҳазор сомонӣ насиби ДДҲБСТ, ҷои дуюм бо диплом ва 3 ҳазор сомонӣ насиби ДПДТТ ва ҷои сеюм бо диплом ва 2 ҳазор сомонӣ насиби ДДХ гардид. Ҳамзамон, ДИС ДДТТ ва ДКМТ барои иштироки фаъолонаашон бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд. Ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ бошад Раиси вилоят Гувоҳнома супорид.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд