Имрӯз бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аъзои кумиҷроия Абдумавлон Азимов ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Олимҷон Норматов ширкат карда, ҳамаи табибони ин беморхонаҳоро, ба муносибати иди касбиашон аз номи роҳбарияти кумиҷроия табрику муборакбод намуданд ва фаъолон бо медали ҷашнӣ, ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.