Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иыроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз аз 20 то 25 апрели соли равон дар маҳаллаҳои Темурмалик, Тиллокон, Мевағул ва Суғдиён ташкил намудани силсилаи чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои ташкил ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳои нақшавӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати ноибректори ДДҲБСТ, мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроя, мудирони шуъбаҳои хадамоти моҳоҷират ва маркази саломатии шаҳрии № 5 ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои болозикр масъул мебошад.

Боиси қайд аст, ки барои ҳарчи бештар огоҳ намудани  сокинони маҳаллаҳо як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол ва волонтёрҳо ҷалб гардидаанд.

Онҳо дар ҳамҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи корӣ ҳам дар алоҳидагӣ тариқи ташвиқоту тарғиботи  ҳавлӣ ба ҳавлӣ  ва хона ба хона, ҳам ба таври ҷамъ намудани сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар баробари бурдани ташвиқоту тарғибот ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ дастрас мегардад.

Ин иқдоми наҷиби кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд боиси қаноатмандии сокинони маҳаллаҳо гадида, онҳо ба ташкилкунандагони мулоқоту вохӯриҳо чандин маротиба  самимона миннатдорӣ баён намуданд.