Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ташкилотест, ки беш аз 50 сол фаъолият дорад ва принсипҳои асосии муносибати байниҳамдигарии давлатҳоро муайян менамояд. Ин муассиса ва бо чорабиниҳои хоси худ, аз ҷумла баргузории Конфронси амният ва ҳамкорӣ барои пешгирии сари вақти ҳолатҳои бӯҳронӣ, танзими муноқишаҳо ва барқарорсозии баъдимуноқишавӣ дар Аврупо хеле хуб кор мебарад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолияти ин созмон бо мақсади мусоидат барои бартараф намудани даргириҳои дохилӣ ва бӯҳрони сиёсӣ расмият пазируфт. Пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон дар шароити охири асри XX ва ибтидои асри XXI, шиддати таҳдиди нобудшавии тамаддунҳои башарият ба воситаи истифодаи яроқҳои ҳастаӣ, таҳдидҳои нав ва зуҳуротҳои номатлуби глобалӣ аҳамият пайдо кард.

Терроризми ҷаҳонӣ, ҳаракатҳои марказгурезу ҷудоихоҳ, шаклҳои мухталифи ифротгароӣ (экстремизм), гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилона, бӯҳрони молиявиву иқтисодӣ ва офатҳои табиӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро водор сохтанд, ки роҳу усулҳои нави ҳамкориро пайдо намуда, низоми таъмини амниятро тавассути густариши ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо онҳо такмил диҳад. Инсоният дар таърих борҳо кӯшида, ки ҷилавӣ таҳдидро бигирад ва низоми муштараки амниятӣ таъсис диҳад.

Дар баргузории навбатии роҳбарони кишварҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо низ масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Муҳим он аст, ки ин бор чораҷўии мазкур дар Тоҷикистон доир гардида, он симои Тоҷикистонро ба унвони як кишвари манфиатдори ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ намоиш дод. Тайи чанд рўз Тоҷикистони мо меҳмонони олиқадри ҷаҳонро пазируфт, ки ба ин васила шаҳри Душанбе боз ҳам гулпўшу нозанин гардид.

Дар маросими баргузории мулоқоти роҳбарони ин созмони бонуфуз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон суханронии муфассал карданд, ки як барномаи мукаммали сиёсати имрўза буд. Дар ин суханронӣ ба ҳаллу фасли умдатарин масъалаҳои ҷаҳон замина фароҳам оварда шуд.

 Дар суханронии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба равандҳои ҷаҳон хоса рўй оварда, роҳҳои ҳаллу фасли муаммоҳои марбут ба минтақа ва ҷаҳон ҷуста ва ба рўйдодҳо баҳои холисона дода шуд. Хоса самтгирии кишвари Россия аз диди Пешвои миллат баҳои арзанда гирифт, ки “давоми раёсати худ барои нигоҳ доштани суръати фаъолияти босуботи Созмони мо корҳои зиёдеро иҷро намуд ва ба як қатор натиҷаҳои назарраси амалӣ ноил гардид”.

Дар ин суханронӣ мухтасаран оид ба самтҳои асосии кори муштарак дар оянда андешаҳои сиёсатмадори тоҷик баён шуданд. Тибқи он кишвари мо ният дорад, ки дар асоси усули пай дар пайӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи Созмон ва таҳкими иқтидори он фаъолияти назаррас намояд.

Бисёр усулист ва тадбирҷўёна аст, ки дар суханронии Пешвои миллат пандемияи коронавирус боиси пайдо шудани як қатор таҳдидҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ мавриди гуфтугў қарор гирифтааст. Пандемия ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тасҳеҳоти муайян ворид карда, омили аслии афзоиши тунди бекорӣ, монеи маҷрои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат шуд. Баъзе кишварҳоро ба таҳдидҳои амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ кард. Президенти кишвар аз он нигаронӣ доранд, ки дар асл бо назардошти арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бешак “таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ тӯлонӣ хоҳад буд”.

Табиист, ки “ин таҳдидҳо моро ба андешидани тадбирҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак бо онҳо водор месозанд”.

Дар ин замина, масъалаи тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар фазои СҲШ бениҳоят муҳим арзёбӣ гардид.

Мо аз баргузории ин чорабинӣ сари андешаи зиёд омадем ва бовар дорем, ки натиҷаи гуфтушунид барои ҳаллу фасли масъалаҳои зисти минтақаҳо ва беҳдошти ҳаёт дар онҳо мусоидат хоҳад кард.

 

М. Тиллохоҷаева - декани факултети филологияи тоҷик