Субҳи имрӯз дар толори САҲА (ОБСЕ) Маҳфили машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (ҳизбҳои сиёсӣ)-и вилояти Суғд оид ба мавзӯи «Муҳокимаи баъзе масъалаҳои вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии пиронсолон ва ноболиғон дар робита бо ҷашни соли оила дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ва намояндаири САҲА баромад намуда, ҳозиринро бо мақсаду мароми ҷамъшавӣ шинос намуданд. Дар ин маҳфили машваратӣ маърӯзаи мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, Алибоев М. дар мавзӯи «Ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар вилояти Суғд дар чорчубаи қонунгузории ҶТ», маълумотномаи Сардори хонаи калонсолони шаҳри Хуҷанд, Нуриниссо Комилова дар бораи вазъи пиронсолон дар хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд, маърӯзаи намояндаи ФҶ «Кӯдаки ман» Хуршеда Раҳимова дар мавзӯи «Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидайн ва кӯдакон аз рӯи қонунгузории оилавии ҶТ» ва маърӯзаи директори хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Дадоҷонова Д. дар мавзӯи «Вазъи воқеии кӯдакон дар хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд» шунида шуд. Маҳфили мазкур бо саволу ҷавобҳо, музокираҳо ва таклифу пешниҳодҳои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба анҷом расид.