Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи ахбори сиёсӣ доир гардид, ки дар он ахборотиёни кумиҷроияи шаҳрӣ дар мавзӯи “Ҳифзи марзу буми Ватан рисолати шаҳрвандии мост» дар назди шунавандагон баромад намуданд.

Чунин вохӯрӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии кумиҷроия Абдумавлон Азимов дар ташкилоти ибтидоии «Маркази дилшиносии вилоят» доир карда шуд.

Абдумавлон Азимов зимни баромади хеш иброз намуд, ки «Вазъи душвори ҳарбию сиёсии баъди истиклолӣ мутаассифона имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси бою ғании муҳиммоту яроқу аслиҳаи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад.

Новобаста аз вазъияти ба амал омада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори роҳбарияти давлату ҳукумат дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги дохилиро хомӯш карда, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангидан боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машғул шуданд. Заминаи моддию техникӣ метавон гуфт умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавиро омӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтака табдил ёфт. Албатта бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.»

Чунин вохӯриҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ баргузор гардиданд.