Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «20 -солагии Тоҷикистон»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 30 -солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ -варзишӣ доир гардид, ки дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур намояндаи Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Баҳодурхон Бархтиёрзода иштирок намуд.

Чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, ки наврасону ҷавонон ба солимӣ ва таҳкими неруи хеш аҳамияти бештар дода, дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзи Ватану миллати хеш омода бошанд.