Санаи 24.04.2015 дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: 1.Ҳисоботи фаъолияти кори КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи аввали соли 2015 2.Рафти иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар ташкилотҳои ибтидоии кумитаҳои маҳаллаҳои «Чорчароғ», «Тути калон» ва «Суғдиён» 3.Қабул ба сафи аъзогии ҲХДТ Масъалаҳо баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиб дар давраи семоҳаи аввал 429 нафар аъзо ба сафи узвияти ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дохил гардиданд ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд. Дар як навбат бо розигии аъзоёни Раёсат яке аз собиқ аъзои Ҳизби Демократии Тоҷикистон Файзулло Файзиев ба сафи ҲХДТ қабул карда шуд. Зимни саволу ҷавоб Файзулло Файзиев гуфт, ки ӯ сиёсати хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф менамояд ва ба Оинномаю Барномаи ҲХДТ шинос гардидааст. Зикр намуд, ки минбаъд ҷиҳати амалӣ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ кӯшиш ба харҷ медиҳад.