Ҳамдиёрони гиромӣ! 
 
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кулли ҳамдиёрон ва родмардони шуҷои Ватанро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод менамояд. Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд. Пас, ташкилёбии артиши миллӣ сохторҳои дигари низомии кишвар мураттаб гардиданд. Хушбахтона, тамоми ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи ин вазифаҳои душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада, то имрӯз ба Ватан софдилона хизмат карда истодаанд.

Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳуввияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи соҳибистиқлолии давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодонамон аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он ифтихори миллати мост.  Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад. Бори дигар таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани азизамон доимо сулҳу субот пойдор бошад.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак!