Интихобот дар қатори дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии ҷомеаниз яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд, ки органҳои давлатӣ ҳамчунин ба монанди ташкилотҳо, ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кооперативҳо, ҷамъиятҳои аксионерӣ дар идора кардани ҷомеа нақши муҳим доранд гузаронида мешавад. Аз дуруст ташкил намудану гузаронидани интихоботи намояндагони халқ ба органҳои маҳаллӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва қонунбарорӣ вобастагии калон дорад. Маҳз ба воситаи интихоботҳо шаҳрвандон аз ҳуқуқи конститутсионии худ пурра истифода бурда метавонанд.

Интихобот ягона механизмест, ки тавассути он шахс ҳамчун манбаи ҳокимият имконият пайдо мекунад, ки мустақилона ба воситаи овоздиҳӣ мавқеашро муайян намояд. Дар ҳолати интихоботи умумӣ ҳар як шаҳрванд ҳуқуќ пайдо мекунад, ки озодона дар интихобот иштирок намояд ва ба хокимият таъсир расонад.

Масалан, нигоҳ доштан ё иваз кардани парламент, ҳукумат, тағйир додани раванди сиёсии давлат ва ғайра. Интихоботҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамчун падидаи муҳими фаъолияти шахсӣ ба шумор рафта, онҳо ба институтҳои гуногун ва дараҷаи идоракунии парламент, президент, органҳои намояндагӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ таъсири амиқ мерасонанд. Дар натиҷаи гузаронидани интихоботҳои демократӣ чунин масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ҳал карда мешаванд. Дар давраи интихобот шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд, ки мақсадҳои худро амалӣ намоянд. Дар натиҷаи интихобот парламент ҳамчун институти пурқуввати назораткунанда аз болои ҳукумат ташаккул меёбад. Парламент ҳамчун институти сиёсӣ на ин ки аз ваколатҳои худ, балки аз ҳуқукҳои конститутсионӣ ва судӣ низ истифода мебарад. Дар натиҷаи интихоботҳо ақидаҳои гуногун муттаҳид шуда, иродаи ягонаи сиёсӣ ташаккул меёбад.Инчунин дар натиҷаи интихобот муттаҳидшавии гурӯҳҳои калони одамон дар атрофии платформаи ягонаи сиёсӣ ба вуқӯъ меояд.

 

Ҳамчуниндар натиҷаи гузаронида шудани интихоботи сиёсӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандон анҷом дода мешаваднатиҷа ва рафти кори парламент, ҳукумат, президент ҳуқуқи ќонунӣ пайдо мекунанд, чунки ин раванд фаъолияти бевоситаи шаҳрвандон ба воситаи интихобот мебошад.Дар натиҷа интихобот воситаи муҳими алоқаи байни шаҳрвандону ҳокимият мегардад. Асосиқонуни кониститутсоние, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ муҳаё намудааст ин имконият медиҳад, ки шаҳрвандон ҳуқуқи интихоботи худро самаранок истифода намуда барои номзади арзанда ва ҳизби арзандаи худ овз дода бошанд. Зеро як овози додаи шаҳрвандон метавонад имруз ва ояндаи миллату давлатро муайян намояд. Бинобар ин аз ҳар шахс дар ин маракати муҳими сиёсии дар рафти интихобот ҳудогоҳию, ҳушёриро талаб карда мешавад, ки фиреби дигар нохалафони ҷомеа нагарданд.

Барои бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣва ягона саҳми арзандаи худро гузошта бошанд ва барои наслҳои оянда як лидери сиёсии ва раҳнамои бунёдгари ҷомеаи дурахшону сулҳофарин интихоб карда бошанд.