Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни мубораку фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Дар ин самт аъзоёни фаъол ва алоқамандони ҳизб саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Аз ҷумла олими шинохта, доктори илмҳои иқтисодӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ, раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов бо аҳли ҷомеаи меҳнатии Театри тамошобини  навраси ба номи Одилҷон Назаров мулоқот ороста, оид ба комёбиҳо ва пешравиҳои дар замони соҳибистиқлолӣ бадастомада, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими пояҳои навини давлатдории миллӣ ва сулқу ваҳдати миллӣ  маълумоти муфассал дод.

Суҳбати доманадор бо саволӣ ҷавоби озод ва мубодилаи афкор ба анҷом расид.