Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов имрӯз 11 феврали соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии «Олами афсона» доир гардид. 

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии «Олами афсона», директори Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и вилояти Суғд Муҳайё Содиқзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Сипас, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Дилором Ачилова оид ба масъалаи якуми рӯзнома - ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 гузориш дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки  самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти ибтидоиии «Олами афсона» дар соли 2022 тибқи дастуру супоришоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII ҲХДТ, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оинномаи ҳизб, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба Парлумони кишвар ва қарорҳои маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуд.

Дар идомаи кори ҷаласа раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Бахтиёр Исматҷонов  бобати пардохти аъзоҳаққӣ, танзими ҳуҷҷатгузорӣ ва масъулиятшиносии масъулини ташкилоти ибтидоӣ сухан карда, даъват ба амал овард, ки ташаббускорию созандагӣ шеваи асосии ҳизбиён бояд бошад.

Ҳамчунин, раиси кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад намуда, қайд намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои онҳо бо овардани далелу санад ба таври  мушаххас таъкид гардиданд. Мусаллам аст, ки рушду пешравии ҳар давлат аз сатҳи маърифати аҳолии он вобастагӣ дорад.  Аз ин ҷост, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва масъалаҳои марбут ба он дар мадди аввал қарор гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар панҷ соли гузашта «… аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст».

Муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи оливу умдаи давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва муҳайё кардани шароити мусоид замина фароҳам овард, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол то сол беҳтар гардад.

Дар охири ҷаласа ба фаъолони ташкилоти ибтидоӣ сипосномаю тӯҳфаҳои кумиҷроия тақдим карда шуда, ҳамзамон ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.