Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз санаи 30.06.2015 таҳти № 33 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх №5», қарори № 34 «Дар бораи таъин шудани рӯзи интихобот ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх №5» ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда имрӯзҳо тибқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» Гулбаҳор Маҳкамова бо интихобкунандагони ҳудуди кумитаи маҳаллаҳои Масҷиди Савр, Раззоқ, Қорираҳмат Қурбонов ва як қисми кумитаи маҳаллаи Чорчароғ оғоз гардидааст. Чунин вохӯрӣ санаи 12 август бо иштироки интихобкунандагони маҳаллаи Масҷиди Савр дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5» Гулбаҳор Маҳкамова, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баромад карда, қайд кард, ки нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа калон буда, тавассути аъзои фаъолаш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Итминони комил дорем, ки халқ беҳтаринҳоро интихоб хоҳад кард. Инчунин, дар вохӯрӣ номзади пешниҳоднамудаи ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5», Гулбаҳор Махкамова бо барномаи пешазинтихоботии худ баромад намуда, қайд кард, ки ҳадафи асосиаш мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум буда, дар сурати пирӯзӣ ӯҳдадориҳои худро ҳатман иҷро хоҳад кард. Дар охир миёни интихобкунандагон ва номзадҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.