Бо мақсади иҷрои вазифагузориҳои роҳбарияти кумитаҳои Маркази ва вилоятии ҳизб дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, роҳбари дастгоҳи кумиҷроя Маҳмадсалим Ҳаитов ва сардухтури Маркази саломатии № 1 Адиба  Мамадова  гурӯҳи  тарғиботӣ ба маҳаллаҳои Чорчироғ, Хуҷанд ва Тути калон ташриф овард.

Ёдовар мешавем, ки айни замон  оид ба фаҳмонидани моҳияти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаврӣ ва ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2020 ва ҷаласаи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.04.2020 аз 20 то 25 апрели соли 2020 таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ мулоқоти гурӯҳои тарғиботи  бо сокинони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд доир шуда истодааст.

Дар рафти ҳар як мулоқот баъди шунидани суханрониҳо саволу ҷавоб ва муколамаи озод ташкил гардида, аъзоёни гурӯҳ фикру дархост ва таклифу пешниҳоди иштирокчиёнро ҳатман ба инобат мегиранд.