Миллату давлат пуштибони забонанд. Барои бузургдошти забон ва фарҳанги тоҷик мардуми кишвар бо ҳамбастагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош менамояд.

Баробари ба Истиқлолият расидан забони давлатӣ низ ба стратегияи давлатӣ табдил дода шуд.

Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ҷузъе аз ифтихори ватандорист, ки аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сарчашма мегирад. Боиси хурсандист, ки ҳамасола Рӯзи забон ба таҷлили яке аз санаҳои фархунда - мавлуди Сарвари муаззами мо, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд.

Ба ин муносибат ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарони назди шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳӣ Раиси КИШ  ҲХДТ  Н.Маликисломӣ ибрози ақида намуданд ва ёдовар шуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулиятшиносӣ ба ҳайси Роҳбари сиёсии кишвар ба ҷойгоҳи забон таваҷҷӯҳи беандоза доранд ва забони тоҷикиро яке аз рукнҳои асосии ҳуввияти миллии тоҷикон мешуморанд.

Аз олоиши гуфтори бегона эмин нигоҳ доштани забон вазифаи муқаддаси ҳар ватандӯсту соҳибзабон ба шумор меояд. Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон қарор дорад!