Дар доираи нақша-чорабинии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор шуда истодааст ва рӯзи гузашта вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ бо сокинони маҳаллаи Тути калон ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқот доир намуд.

Дар мулоқоти мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат доштанд.

Сараввал, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади худ асосан дар бораи фаъолияти солонаи Маҷлиси намояндагон маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон доир ба дастовардҳои 27 соли даврони Истиқлолият суханронӣ намуда, иштирокчиёни вохӯриро ҷиҳати расидан ба қадри Истиқлолият ва саҳми арзанда доштан дар тараққӣ додани  ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ҳидоят намуд. Инчунин, оид ба вазъи оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии хонадоршавии хешовандӣ, талаботи қонунҳои кишвар “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан ронд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар баромади худ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ бештар бо мардум наздик шудану фаҳмидани мушкиливу муаммоҳои онҳо, ҳамзамон то ба интихобкунанда расонидани дастовардҳои даврони Истиқлол маҳсуб меёбад. Мавсуф аз фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад, ёдовар шуда, афзуд, ки ин тадбир барои осон намудани мушкилиҳои сокинон қадами қатъӣ буд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳамаи вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ бо мардум мунтазам мулоқот доир месозанд. Ва чорабинии имрӯза идомаи мантиқии ин тадбири роҳандозишуда мебошад.